Иштирок дар ёздаҳумин нишасти Кумитаи ҳамоҳангсозии Паймони ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм

06.02.2025 14:22

5 феврали соли 2025 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк таҳти раёсати муовини Дабири кулли СММ ва роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ В. Воронков ёздаҳумин нишасти Кумитаи ҳамоҳангсозии Паймони ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм баргузор гардид.

Дар бахши сатҳи баланди вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Давлати Кувайт Абдулло Алӣ Абдулло ал-Яҳё (тавассути паёмҳои видеоӣ) ва Маҷористон Петер Сиярто иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии кишвар дар паёми видеоии худ қайд кард, ки терроризм яке аз ҷиддитарин хатарҳое мебошад, ки рӯйкарди муштарак ва иттиҳоди ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Тоҷикистон, ҳамчун мизбони "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он", уҳдадориҳои худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Созмони Милал ва дигар шарикони байналмилалӣ барои расидагӣ ба ин масоил таъйид мекунад.

Дар фарҷоми паём дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният, саҳми он дар мубориза бо терроризм, инчунин иштироки фаъолонаи кишвар дар ташаббусҳои гуногуни байналмилалӣ ва механизмҳои Созмони Милал оид ба пешгирии зӯроварӣ ва ифротгароӣ таъкид гардид.

Чорабинии мазкур заминаи мусоидро ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тавсеаи гомҳои роҳбурдӣ барои баланд бардоштани самаранокии ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм дар сатҳи СММ фароҳам овард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим