Мулоқоти вазир бо намояндаи махсуси Президенти Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ

18.02.2025 23:16

18 феврали соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ, ҳамраиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил М.Швидкойро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои танзими Форуми зиёиён ва эҷодкорони илмӣ, ҷаласаи навбатии Раёсати ББҲГ, Шурои оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ, инчунин маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба лауреатҳои ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” ва ҷоизаи байналмилалии “Иттиҳоди нахустиқдомҳо”, ки баргузории онҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ш. Душанбе дар соли 2025 сурат мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи як қатор чорабиниҳои Тоҷикистону Русия дар самти гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим