Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Малайзия

18.02.2025 23:56

18 феврали соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Малайзия ҷаноби Илҳом Туаҳ Илёсро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар ш. Тошканд) ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, инфрасохтор, экология, маориф ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор гирифт.

Зимнан, ҷонибҳо оид ба муҳиммияти баргузор намудани машваратҳои сиёсӣ, тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқӣ, рушди нерӯи инсонӣ дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкориҳои техникии Малайзия (MTCP), танзими сафарҳои ҳайатҳои баланди миёни ду кишвар ва ҳамкориҳои дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодулӣ назар карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим