27 марти соли 2025 дар ҳошияи 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Ашхобод мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кая Каллас барпо гардид.
Аснои вохӯри мусоҳибон ба сатҳи феълии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд дода, мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар амри тавлиди нерӯи сабз, вусъати долонҳои устувори нақлиётӣ, пешбурди иттисоли рақамӣ, такмили соҳаҳои кишоварзӣ ва маориф, ҳамчунин масоили амниятӣ ва мусоидат дар таҳкими марзҳо баррасӣ гардиданд. Шарикӣ дар бобати муқовимат ба чолишу таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи муштараки тарҳҳои мушаххас дар самти энергетика як бахши муҳимми муҳокимаҳои ин гуфтушунидро ташкил дод.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan