Иштирок дар 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

27.03.2025 17:47

27 марти солм 2025 дар шаҳри Ашқобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо батафсил баррасӣ карданд. Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳодоти худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, иттисоли нақлиётӣ, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд зоҳир гардид.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов вазиронро ба ҳузур пазируфт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим