Эълони сабти номи намояндагони васоити ахбори омма барои бозтоби Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо

09.04.2025 19:49

09.04.2025.14.58.png

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро лозим аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии чорабинии мазкур дар торнамои расмии Конфронс то 15 майи соли 2025 тавассути ҳамин пайвандак аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

Иштирок дар чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки аз ҷараёни форумҳо, сессияҳои мавзуӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд иттилооти муфид дастрас гардад. Дар доираи онҳо мансабдорони сатҳҳои гуногун аз кишварҳои мухталифи дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин коршиносони варзидаи соҳа иштирок ва суханронӣ мекунанд. Конфронс имконияти арзанда барои инъикоси ҳамаҷонибаи мавзӯъ ва равшаннамоии ҷанбаҳои муҳими чорабинӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим