Муносибатҳои Тоҷикистон бо Британияи Кабир
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Британия 15 январи соли 1992 барқарор шуданд.
11 феврали соли 2008 дар Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд.
Шурӯъ аз 15 декабри соли 2021 ба сифати сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ фаъолият менамояд (эътимоднома ба Маликаи Шоҳигарӣ Елизавета II дар таърихи 16 марти соли 2022 супорида шудааст).
20 декабри соли 2001 Сафорати Британияи Кабир дар ш. Душанбе кушода шуд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс мебошад (01/10/2021). Номбурда эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 3 ноябри соли 2021 супорид.
Моҳи январи соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Борис Ҷонсон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба вуқуъ пайваст.
Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳои расмӣ). Шурӯъ аз соли 2002 то инҷониб мубодилаи сафарҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони аршади ҳар ду ҷониб, аз ҷумла Гертсоги Йорк, Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Данкан, Вазири давлатӣ оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) Десмонд Свейн, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров, Ҳамрохон Зарифӣ ва Сироҷиддин Муҳриддин, Муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Ҷон Макгрегорӣ ва дигарҳо ба вуқуъ пайваст.
2 сентябри 2021 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти таҳкими сарҳад ва тағйирёбии иқлим гуфтугӯи судманд намуданд. Дар ҷараёни тамос ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
1 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазго дар ҳошияи Конфронси СОР26 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо вазир оид ба кишварҳои Аврупо ва Америкаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии КОВИД-19 баррасӣ шуданд. Мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
30 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида Муколамаи сиёсӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Подшоҳии Муттаҳидаро вазири давлатӣ дар умури Аврупо ва Амрикои Шимолӣ Лео Дочертӣ роҳбарӣ намуданд. Дар поёни Муколамаи сиёсӣ роҳбарони ҳайатҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро имзо намуда
3 июли соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо вазири давлатӣ дар умури Аврупои Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лео Докерти дар Душанбе вохӯрӣ анҷом дод. Зимни мулоқот перомуни масоили умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир гуфтугӯ сурат гирифт.
Ҳамкории байнипарлумонӣ. 16-20 сентябри соли 2019 сафари Лорд Шейх - узви Палата ва муовини Раиси гурӯҳи парлумонии Британия оид ба Тоҷикистон (British-Tajik APPG) ба Тоҷикистон ташкил карда шуда, зимни он сафар як силсила вохӯриҳо ӯ дар Маҷлиси намояндагон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ ва омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.
Ҳамкории иқтисодӣ. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисодӣ низ тадриҷан тавсеа меёбад. Ҳамкории иқтисодии байни Точикистону Британияи Кабир пеш аз ҳама дар доираи фаъолияти Барномаи минтақавии пештара Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) (айни замон сохтори таркибии ВКХ БК мебошад) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сарчашма меёбанд.
Дар чорчӯбаи барномаи байналмилалӣ оид ба расонидани мусоидат, Британия маблағи 27.5 миллион доллари ШМА-ро (14 миллион фунт-стерлинги британӣ) барои лоиҳаҳое, ки дар қаламравӣ Осиёи Марказӣ дар солҳои 2011-2015 амалӣ мегарданд, ҷудо намудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2022 ба 6,175.5 миллион доллари ИМА арзёбӣ мегардад, ки аз он 468,1 ҳазор доллари ИМА содирот ва 5,707.4 миллион доллари ИМА воридот ташкил медиҳад.
Моҳи феврали соли 2017 ҳайат иборат аз намояндагони ширкатҳои ширкатҳои бритонии “British Expertise” ва “СATBIG” ба мақсади ошноӣ пайдо намудан бо фазои тиҷоратии Тоҷикистон, ба Душанбе сафар намуданд. Зимни он сафар, 20 феврали соли 2017 мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ширкатҳои бритонӣ ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Шератон баргузор гардид.
31 январи соли 2020 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Вазорати савдои байналмилалии Британияи Кабир чорабинӣ бахшида ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷорати Британияи Кабир зери унвони “Имкониятҳои тиҷорати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- Eastern Europe and Central Asia Trade Opportunities" баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мақсади муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самти сармоя ва тиҷорат миёни доираҳои соҳибкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир барпо гардида, дар кори он зиёда аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳисоби ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, аз ҷумла сафоратҳои кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва савдои байналмилалии Британияи Кабир, роҳбарони ширкатҳои сармоягузорӣ, ташкилотҳои бахши хусусӣ, ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки бевосита дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзиданд. Зимни он чорабинӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати соҳибкорони кишвар иборат аз намояндагони ширкатщои ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" ва корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри Ҳушманд” муаррифӣ намуда, роҷеъ ба шарту шароит ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ иттилои лозимаро манзури иштирокдорон намуданд.
28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва дастгирии Ҳукумати мамлакат Анҷумани сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон – дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар, иштирок намуданд. Дар натиҷаи Анҷуман 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ имзо шуданд.
Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ. Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, созишномаҳои зеринро дар бар мегирад:
1. «Оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ширкати қӯшунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъйю кӯшишҳои байналмилалӣ доир ба таҳким ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» (18 апрели соли 2013 дар ш. Душанбе);
2. Созишнома оид ба андозбандии дукарата (1 июли соли 2014 дар шаҳри Лондон).
3. Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Британияи Кабир оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология (соли 2018 шаҳри Душанбе)
4. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (30 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон)
Декабр, 2023