Машваратҳои консулии Тоҷикистону Туркия дар Анқара

21.04.2025 15:45

21 апрели соли 2025 дар шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Туркия дар мулоқот директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган иштирок намуд.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва идомаи муколамаи созанда таъкид намуданд.

Машваратҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии баланд баргузор гардиданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим