29 апрели соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш (бо қароргоҳ дар ш. Қоҳира) Парвиз Мирзозода дар шаҳри Работ ба вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкории африқоӣ ва марокашиҳои бурунмарзии Шоҳигарии Марокаш Носир Бурита нусхаи эътимодномаи худро супорид.
Сипас П. Мирзозода ва Н. Бурита масоили муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Марокашро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan