Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони васоити ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4-5 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гашт, эълон мекунад.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии ҷаласаи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-83-95, e-mail: pressaccreditation@mfa.tj) муроҷиат карда, маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;
3. Акс 3х4 (қолаби JPEG);
4. Телефон ва суроғаи почтаи электронӣ.
Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 16:00, 27 майи соли 2025 қабул мегардад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan