Мулоқоти роҳбарони хадамоти консулии Тоҷикистону Русия

28.05.2025 17:14

28 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи XXXII-и Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мулоқоти кории Баҳодур Сафарзода — сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Алексей Климов — директори Департаменти консулии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами консулӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими муносибатҳои консулӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҳалли масъалаҳои марбут ба шаҳрвандони ҳар ду кишвар таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим