4 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мувофиқасозӣ ҷиҳати омодагӣ ба нишасти Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ бо иштироки намояндагони давлатҳои Иттиҳод доир гардид.
Зимни ин машварат масъалаҳои рӯзномаи нишасти дарпешистодаи сарвазирон баррасӣ гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки 5 июни соли 2025 зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мергардад.
Рӯзномаи ҷаласа маҷмӯи масъалаҳоро вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодии бисёрсамта фаро хоҳад гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan