11 июни соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж намоиш ва Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ зери унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор кард.
Дар чорабиниҳо намояндагони сатҳи баланди ЮНЕСКО, ҳайатҳои илмӣ ва фарҳангӣ аз кишварҳои мухталиф ва олимону муҳаққиқони байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни суханрониҳо ҷойгоҳи Ҳофиз ҳамчун нобиғаи суханвар, муҳаррики муколамаи тамаддунҳо ва пайвандгари арзишҳои умумибашарӣ таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan