12 июни соли 2025 дар шаҳри Париж бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ (IHP)-и ЮНЕСКО ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ, солҳои 2025–2034» баргузор гардид.
Зимни суханронии худ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO) баргузор гардид, маълумот дод.
Дар ҷараёни ҳамоиш нақши калидии пиряхҳо дар низоми иқлим ва аҳаммияти ҳифзи онҳо таъкид гардид. Ин паём тавассути қабули Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо боз ҳам таҳким ёфт, ки дар он зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва ҷалби сармоягузории устувор ба тадқиқоти соҳаи криосфера зикр шудааст.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan