21 июни соли 2025 дар Истанбул дар ҳошияи нишасти 51-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Малдив Абдулло Халил баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Малдивро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлим тамаркуз зоҳир намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan