Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ иштирок ва суханронӣ намуд

22.06.2025 09:00

 

 

21 июни соли 2025 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Нишасти 51-уми вазирони корҳои хориҷии  Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) бо иштироки сарон ва роҳбарони ҳайати кишварҳои узви Созмон баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи Созмон, алалхусус вазъи феълии Давлати Фаластин, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, инчунин ҳамлаи ногаҳонии Исроил ба Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ёдовар шуд.

Вазир тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои СҲИ тавассути иҷрои барномаҳои марбутаи ин созмонро яке аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши фақр ва таъмини шароити устувори зиндагӣ дар минтақа унвон кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим