2 июли соли 2025 дар Қасри Белведер, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон, cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти он кишвар муҳтарам Анджей Дуда супорид.
Зимни маросим сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Лаҳистон муҳтарам Анджей Дуда расонид.
Дар идомаи барномаи расмӣ, cафир дар назди ёдгории Аскари номаълум гулчанбар гузошт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan