Муносибатҳои Тоҷикистон бо Испания

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Испания

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания 4 августи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Давид Карриедо (бо иқоматгоҳаш дар ш. Нур-Султон) мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания Ҷамшед Ҳомидов (бо иқоматгоҳаш дар ш. Женева, Швейтсария) мебошад.

Муносибатҳои сиёсии дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли густариш мебошанд.

Соли 2007 Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания  -Мигел Ангел Моратинос дар давраи раисии Испания дар САҲА ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳоихориҷӣ - Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кард.

18 июли 2010 Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Моратинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрӣ намуд. Дар ҷараёни ин боздид Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания ба имзо расид.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар соҳаи иқтисоду тиҷорат дар ҳоли инкишоф аст. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Испания дар соли  2018 5 464,7 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод (танҳо воридот).

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли ташаккул қарор дорад ва танҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Испания (18.07.2010) имзо шудааст.

15.04.2019

Нигористон

Тақвим