10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи 12-уми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо, муовини дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти беруна оид ба масъалаҳои сиёсӣ Олоф Скоогро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бобати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan