Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон

01.08.2025 10:39

01.08.2025.15.38.jpg

1 августи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи доимии навтаъйини Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфт. Ҳамсуҳбатон фаъолияти БРСММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ намуданд.

Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ С. Мукерҷиро бинобар ба вазифаи нав таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати таҳким ва боз ҳам густариш додани муносибатҳои Тоҷикистон бо БРСММ ва пешбурди фаъолияти касбиаш комёбиҳо орзу кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим