Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Швейтсария

07.07.2022 12:00

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шуданд.

Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи  Швейтсария ҷаноби  Ҷамшед Ҳомидов мебошад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар шаҳри Женева ҷойгираст.

Сафири Фавқулодава Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дэвид Грихтиг мебошад. Иқоматгоҳи Сафорати Швейтсария дар шаҳри Нур-Султон ҷойгир аст.

Аз соли 2001 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ш.Душанбе фаъолият менамояд. Директори Дафтари мазкур хонум Саломе Штайб (аз моҳи октябри 2020) мебошад.

Вохӯриҳо дар сатҳи олӣ

26 июни соли 2000 дар чаҳорчӯби баргузории ҷаласаи 24-ми сессияи махсуси СММ дар ш.Женева Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Адолф Оҷи вохӯрд.

Моҳи ноябри соли 2000 Мушовири федералии Швейтсария Каспар Филингер ба Тоҷикистон ташриф овард.

Моҳи декабри соли 2001 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии САҲА Вазири корҳои хориҷӣ Т Назаров бо Вазири корҳои хориҷии Швейтсария мулоқот намуд.

Моҳи апрели соли 2002 Вазири корҳои хориҷии Швейтсария ба Тоҷикистон ташриф овард.

28 июни соли 2003 дар чаҳорчӯби Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Швейтсария Паскал Кушпен мулоқот намуд.

8 декабри соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмӣ оид ба воридшавии Тоҷикистон ба СУС 10 декабри соли 2012 ба ш Женева ташриф овард.

26 апрели соли 2013 ҳайатирасмии Конфедератсияи Швейтсария таҳти роҳбарии Котиби давлатии Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Швейтсария - Ив Россие ба Тоҷикистон ташриф овард. Сафари мазкур дар чаҳорчӯби ташриф ба панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати муайян намудани соҳаҳо афзалиятноки ҳамкорӣ дар давраи раёсати Швейтсария дар САҲА дар соли 2014, барпо гардид.  

Зимни ин сафар ҷ-би Россие бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Ҳамкории сиёсӣ

Абзорҳои гуногуни муколамаи сиёсӣ, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ, муколама оид ба ҳуқуқи инсон, мулоқотҳои дуҷонибаи ҳайатҳои расмии кишварҳо ва мубодилаи сафарҳои расмӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои дӯстии Тоҷикистону Швейтсария саҳми арзандаи худро мегузоранд.

26 апрели соли 2019 вохурии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер дар ҳошияи Форуми “Як камарбанд, як роҳ” дар шаҳри Пекин баргузор гардида, зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории созанда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳокима карда шуданд.

5-7 сентябри 2019 сафари кории Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Мулоқотҳои расмии номбурда бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Э.Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ С. Муҳриддин барпо гардиданд.

5-6 ноябри 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария барпо гардид. Зимни сафар мулоқотҳои расмӣ бо Президенти Швейтсария Ули Маурер, шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид, Раиси Шурои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор”, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузории Швейтсария анҷом ёфтанд.

Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар моҳи январ-феврали соли 2022 1396,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот- 466,8  ҳазор доллари ИМА ва воридот – 929,4 ҳазор доллари ИМА

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ду кишвар дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошта, 13 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Нигористон

Тақвим