Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка

18.01.2024 10:18

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка 14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ШМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати ШМА дар Душанбе бунёд гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд.

Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷаноби Фаррух Ҳамрализода (аз соли 2020) мебошад. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер (аз соли 2023) мебошад.

Равобит бо ШМА яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои Тоҷикистону ШМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назари ҷонибҳо пеш бурда мешаванд. Ҳамчунин, ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Масоили умдаи глобаливу минтақавӣ, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир низ аз ҷумлаи мавзуоти рӯзномаи ҳамкории Тоҷикистон ва ШМА мебошанд.

Дар рушди муносибатҳои ду кишвар сафарҳои расмии сатҳи баланд ва вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва ШМА, ки зимни онҳо ҳолати пешрафти масъалаҳои рӯзномаи ҳамкории ҷонибҳо ва дурнамои онҳо баррасӣ мешавад, нақши муҳим доранд.

Дар давраи 10 соли аввали муносибатҳои дипломатӣ муколамаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону ШМА ба шарофати сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка (декабри соли 2002), инчунин боздидҳои кории Роҳбари давлати тоҷикон аз Вашингтон (октябри соли 1997 ва апрели соли 1999) фаъолона рушд ёфт. Ба таҳкими муносибатҳои сиёсӣ байни ду кишвар ҳамчунин сафарҳои котибони давлатии ШМА – Ҷеймс Бейкер III (13-14.02.1992), Кондолиза Райс (13.10.2005), Ҳиллари Клинтон (21-22.10.2011) ва Ҷон Керри (03.11.2015) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Америка он буд, ки 22 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп мулоқоти судманду самимӣ ва созанда доир карданд.  

Таваҷҷуҳи Конгресс ва роҳбарияти олии ШМА ба робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон тайи солҳои охир афзуда, 23 ноябри соли 2024 сенатори Штатҳои Муттаҳидаи Америка аз иёлати Монтана (аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон), узви Кумитаи Сенати ШМА доир ба энергетика ва захираҳои табиӣ ҷаноби Стив Дейнс бо сафари корӣ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард. Дар рафти ин сафар сенатори америкоӣ бо роҳбарияти кишвар ва Парлумон мулоқот намуд.

ШМА дар доираи барномаҳои бисёрсола барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталиф, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, амниятӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия мусоидат мекунад.

Пояи ҳуқуқиву қарордодӣ. То кунун тарафҳо 35 санадро дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонидаанд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Машваратҳои солонаи сиёсӣ (Annual Bilateral Consultations) миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА абзори асосии дуҷониба ба ҳисоб рафта, зимни нишастҳои он самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШМА дар мавзуоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист, гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон ва масоили байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ ва табодули андеша қарор мегиранд.

Ҳамкории Агентии рушди байналмилалии ШМА ва Тоҷикистон

Агентии рушди байналмилалии Штатҳои Муттаҳидаи Америка (АРБШМА) аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, тавассути лоиҳаҳои гуногун ба рушди соҳаҳои иқтисод, тандурустӣ, маориф ва кишоварзӣ кумак расонидааст.

Барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-и АРБШМА ба деҳқонон дар афзоиш додани истеҳсоли зироатҳои серғизо саҳм гузоштааст. Дар бахши тандурустӣ аз соли 2003 АРБШМА барномаи мубориза бо эпидемияи ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон ва Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории силро дастгирӣ намудааст.

АРБШМА ба Тоҷикистон дар татбиқи манобеи барқароршавандаи энергия кумак намуда, барои мисол, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар Мурғоб як нерӯгоҳи офтобии 600 киловаттро насб кардааст.

АРБШМА ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба талошҳои Тоҷикистон дар амри рушди соҳа мусоидат кардааст. Соли 2022 Ёдошти тафоҳум оид ба амалисозии Барномаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии ШМА ба имзо расид.

Ҳамкорӣ байни шаҳрҳо. 8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расидааст. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер оғоз гардида, соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Бо мусоидати шаҳри Боулдер дар шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе” бунёд шудааст.

Ҳамкории минтақавӣ бо ШМА. Ҷумҳури Тоҷикистон ва ШМА дар чорчӯби қолаби С5+1, ки равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА-ро фаро мегирад, ҳамкорӣ доранд.

Дар доираи қолаби мазкур ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА сурат гирифта, масъалаҳои мубрами минтақавӣ муҳокима мешаванд. Абзори асосии пешбурди ҳамкориҳо дар доираи қолаби мавриди назар гурӯҳҳои кории иқтисодӣ, энергетика ва муҳити зист ва амниятӣ мебошад, ки ҷаласаҳои онҳо солона барпо мешаванд.

19 сентябри соли 2023 сиғаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка тариқи баргузории Вохӯрии нахустини сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка” дар шаҳри Ню-Йорки ШМА ба сатҳи олӣ бароварда шуд. Дар рафти нишаст сарони давлатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муштараки минтақавӣ, муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир, рушди робитаҳои тиҷоратӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар самти энергетика ва ҳифзи иқлим, ҷалби сармояи ШМА ба соҳаҳои афзалиятнок табодули афкор намуданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка Эъломияи муштарак қабул гардид.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ШМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ. Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар соли 2023 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 ба андозаи 132% баробар аст.

Сармоягузориҳои мустақими ШМА ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 то 2022 маблағи 485 млн. доллари ШМА-ро ташкил додаанд.

ШМА дар тӯли 32 соли ҳамкорӣ (1992-2023) ба Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ кумакҳои техникиву молиявӣ пешниҳод намудааст.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           17.03.2025

Нигористон

Тақвим