
14 сентябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва арабӣ, ки бо ташаббуси Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар рафти ҷаласа иштирокдорони ин ҳамоиш оид ба ҳамла ба Давлати Қатар, ки 9 сентябри соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, инчунин вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар карданд.
Зимни нишасти мазкур аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии Саммити изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва арабӣ (15 сентябри соли 2025, Давҳа) мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan