Машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия

16.09.2025 11:35

15 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории ниҳоди сиёсати хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ табодули назари судманд анҷом доданд.

Ичунин масъалаҳои омодагӣ дар заминаи нишасти сарони давлатҳои ИДМ, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе баргузор мешавад, мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.

Мусоҳибон ҳавасмандии тарафайнро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи ИДМ ва СААД таъкид намуда, ҳамзамон омодагии худро ба ҳамкории созанда ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани чорабиниҳои пешбинишуда изҳор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим