Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон

01.10.2025 12:27

01.10.2025.17.26.jpg

1 октябри соли 2025 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев баргузор гардид.

С. Муҳриддин ҳамтои қазоқистонии худро ба муносибати таъйин шудан ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ дар ин рисолати муҳим муваффақиятҳо орзу намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар доираи ИДМ ва қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” зоҳир гардид.

Вазирон ҷиҳати рушди минбаъдаи муколамаи созанда дар руҳияи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон омодагӣ изҳор доштанд.

Суҳбат дар фазои эҳтиром ва ҳусни эътимоди тарафайн сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим