Нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Душанбе

10.10.2025 19:24

9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе зери раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, ба таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба иштирокдорон дар бораи рӯйдодҳои асосӣ, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ татбиқ шуданд, маълумот пешниҳод намуд. Зимни суханронӣ аҳамияти талошҳои ҳамоҳангшуда барои муқовимат бар зидди хавфу таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои таҳкими амнияти минтақа таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи вежа ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ИДМ дар шароити мутобиқшавӣ ба воқеияти муосир зоҳир гардид. Вазирон аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои амалиро дар самтҳои афзалиятнок таъкид доштанд.

Яке аз масъалаҳои меҳварии рӯзнома, ин муроҷиати СҲШ барои мақоми нозир дар доираи ИДМ ва таъсиси қолаби «ИДМ +» буд. Ин қарорҳо майли Иттиходро ҷиҳати мустаҳкаи намудани шарикӣ бо дигар сохторхои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳавасманд инъикос мекунанд.

Дар натиҷаи ҷаласа қарорҳои марбут ба такмили минбаъдаи фаъолияти ИДМ ва таъмиқи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи кишварҳои узви Иттиҳод нигаронида шудаанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим