8 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мувофиқасозӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи Сарони давлатҳои ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуданд.
Намояндагони аршади кишварҳои узви Иттиҳод асноди ниҳоии нишасти дарпешистода дар сатҳи олӣ ва вазиронро баррасӣ ва мувофиқа карданд.
Иштирокдорон, ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои тадорукотию протоколии ҷаласаи Шурои сарони кишварҳо ва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ИДМ табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan