Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса

19.01.2024 10:10

Шарҳи мухтасари робитаҳо

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шуданд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

Сафорати Тоҷикистон дар Париж то соли 2023 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) низ ба ҳисоб мерафт.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло (аз моҳи январи соли 2018) мебошад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл (аз моҳи октябри соли 2023) мебошад.

Фаронса яке аз давлатҳоест, ки ҳанӯз соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат махсусан оғоз аз соли 2002, яъне дар давраи будубоши пойгоҳи низомии ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба таври васеъ инкишоф ёфтанд.

Аз абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа ва ниҳодҳои қудратии ҳар ду кишвар, ҳамоишҳои соҳибкорони ду давлат, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шарикӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ба шумор мераванд.

Муносибатҳои сиёсӣ

Зимни баргузории сафарҳои сатҳи олӣ (аз соли 2005 то соли 2022) мулоқоту музокироти сатҳи олии Сарвари давлати тоҷикон бо Президенти Фаронса, дигар ашхоси расмӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузори ва илму фарҳанг баргузор гардида, ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намудаанд. Чунончи, зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар таърихи 7 ноябри соли 2019 миёни ҷонибҳо 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳамёрии ду кишварро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, сайёҳӣ, сиёсати хориҷӣ, маориф, илм ва бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат ба танзим медароранд.

Иштироки президентони ҳар ду кишвар дар ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж (13 октябри соли 2021), инчунин ширкати намояндаи Президенти Фаронса оид ба саммити “One Water” хонум Барбара Помпилӣ дар Конфронси сеюми байналмилалии оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” инъикоскунандаи мароми сарони ҳар ду кишвар ва мардумони он баҳри вусъати ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса ба ҳисоб мерафт.

Муносибатҳои байнипарлумонӣ 

Миёни Тоҷикистону Фаронса робитаҳои хуби байнипарлумонӣ вуҷуд дошта, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳар ду палатаи Парлумони Фаронса зимни мулоқот ва сафарҳои мутақобила масоили рушди робитаҳои ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Байни парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд.

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ

Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ташкил медиҳад. 16 марти соли 2022 ҷонибҳо бо қабули “Харитаи роҳи рушди ҳамкориҳо барои солҳои 2021-2026” мароми худро баҳри вусъати робитаҳои гуногунҷанба иброз намуданд.

Ҳамкориҳо дар соҳаи илму фарҳанг

Тоҷикистон ва Фаронса муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг, илму техника ва маориф дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ (аз моҳи декабри соли 2002) ба роҳ мондаанд.

Дар давраи аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и ш.Париж Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи ин Намоиш санаи 13 октябри 2021 бо иштироки сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон сурат гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон ва ҳайати ҳамроҳаш таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди он дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

4 майи соли 2022 Маркази омузиши забони фаронсавӣ “Альянс Франсез”-и Ҷумҳурии Фаронса таъсис ёфт.

Муносибатҳои иқтисодӣ

Гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Фаронса дар соли 2024 12,7 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии сармояи Фаронса дар Тоҷикистон 125 миллион доллари ШМАро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 77,3 миллион доллари ШМА-ро сармояҳои мустақим ташкил медиҳанд.

17.03.2025

Нигористон

Тақвим