Таъйиноти кадрӣ дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ

14.11.2025 16:05

14 ноябри соли 2025 бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳи зерини сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар давлатҳои хориҷӣ таъйин гардиданд:

Завқизода Завқӣ - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;

Убайдулло Ҷамолиддин - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия;

Ҳомидзода Ҷамшед - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса;

Ҷобир Манучеҳр - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия;

Исмоилзода Зарина – Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия;

Холназар Ғоиб - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия;

Файзуллозода Фаридун - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия;

Шералӣ Хуршед - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия;

Муродзода Фируз - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон.

Нигористон

Тақвим