15.11.2025 21:06
15 ноябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ш.Тошканд баргузор гардид, иштирок кард.
Зимни нишааст вазирон масъалаҳои марбут ба тақвияти иртиботи сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи минтақавиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин перомуни имкониятҳои нави густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пешбурди рушди устувори соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ва татбиқи ташаббусҳои “иқтисоди сабз” музокироти судманд сурат гирифт.
Ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар баробари хатару таҳдидҳои афзоянда қайд намуда, омодагии худро барои тақвияти талошҳои дастаҷамъона ҷиҳати таҳкими субот, амният ва рушди устувор изҳор доштанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва санадҳои Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро мувофиқа намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan