Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия 25 марти соли 1992 барқарор шуданд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек мебошад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Остона) хонум Андреа Бахер мебошад.
Дар марҳалаи нахустини робитаҳои Тоҷикистону Австрия баъд аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ, як қатор мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, аз ҷумла байни роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баргузор гардидаанд, ки дар рафти онҳо самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар баррасӣ ва мушаххас шудаанд.
Соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд.
Соли 2013 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон барпо гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия машваратҳои сиёсӣ ва фаъолияти Комиссияи муштараки иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.
Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.
25 марти соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия муҳтарам Александр Ван дер Беллен ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Австрия дар соли 2024 – 24,3 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат беш аз 14 созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.
Аз соли 1972 Клагенфурт ва Душанбе бародаршаҳр мебошанд.
Ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ доранд.
07.03.2025