Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар шаҳри Душанбе

24.11.2025 18:22

24 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.

Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Маҷид Тахтравончӣ роҳбарӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Музокирот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим