Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Финляндия 26 феврали 1992 барқарор шудаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илкка Райсанен бо қароргоҳаш дар Хелсинки мебошад.
Дар марҳалаи нахустини робитаҳои Тоҷикистону Финландия баъд аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ, як қатор мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва байни роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ баргузор гардидаанд, ки дар рафти онҳо самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар баррасӣ ва мушаххас шудаанд.
Чунончӣ, зимни боздидҳои вазирони корҳои хориҷии Финландия аз Тоҷикистон солҳои 2006 ва 2008 ҷонибҳо дар баробари баррасии рӯзномаи ҳамкориҳо, инчунин роҷеъ ба тасмимҳои минбаъда дар самти густариши робитаҳо мубодилаи афкор намудаанд.
Дар чаҳорчӯби баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Финландия мунтазам вохӯриҳо танзим мешаванд.
Давраи муҳими муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Финландия аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар 23-25 октябри соли 2012 сарчашма мегирад.
Алоқаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар ҳамчун абзори ҳамкориҳои дуҷониба бомаром рушд ёфта истодаанд. Бо ин мақсад, байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эдускунтаи Финландия (Парлумон) гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис дода шудаанд.
Шурӯъ аз соли 2009 то инҷониб машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ мунтазам баргузор мегарданд. Баргузории чунин чорабинӣ заминаи хуберо барои муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кишвар фароҳам меоварад. Охирин муколамаи сиёсӣ 25 октябри соли 2023 дар шакли маҷозӣ доир шуда буд.
26 феврали соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаи фарҳангу маориф рушд ёфта истодаанд. Моҳи июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузории намоиши аксҳо бахшида гиромидошти хотираи собиқ роҳбари отряди сарҳадии Помир генерал Эдуард Карлович Кивэкэс, ки охири асри 19 дар Хоруғ кору зиндагӣ кардааст, бозгӯи мароми ҷонибҳо дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни ду кишвар ва таърихи робитаи мардумони он мебошад.
Дар марҳилаи кунунӣ Финландия бо Тоҷикистон дар самтҳои иқтисод, маориф, геология ва дигар соҳаҳои авлавиятнок ҳамкориҳои самаранокро роҳандозӣ карда истодааст. Бинобар ин, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо тавассути баргузории ҳамоишҳои иқтисодӣ ва муколамаҳои мухталиф иқдомҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Ассотсиатсияи финӣ оид ба солимии шуш (FILHA) бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он ҳамкориҳои самаранокро роҳандозӣ намудааст.
Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финландия дар соли 2024 – 6,5 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.
Пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни кишварҳоро 4 санади имзошуда дар бар мегирад.
Тоҷикистону Финландия дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.
07.03.2025