Муносибатҳои Тоҷикистон бо Ветнам

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам моҳи июли соли 1992 барқарор гардиданд. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ветнам ин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам 18-22 январи соли 1999 ва гуфтушуниди ӯ бо Президенти он кишвар Чан Дик Лионг дар мавриди рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд мебошад. Байни ду кишвар ҳамкории самараноки байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2010 Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъсис ёфтааст. Байни ду кишвар санадҳо дар самтҳои ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва ғайра ба имзо расидаанд. Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ Мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2012 1334,9 доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар 6 моҳи соли 2013 мубодилаи мол 270 29,0 ҳазор дол. ИМА-ро ташкил дод. Қобили зикр аст, ки баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба муносибатҳои иқтисодии ду кишвар такони тоза бахшид. Дар Тоҷикистон Корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам таъсис ёфта, фаъолият доранд. Маводҳои асосии содирот: нахи пахта ва абрешим; Маводҳои асосии воридот: молҳои истеъмоли мардумӣ.

Нигористон

Тақвим