Муносибатҳои Тоҷикистон бо Германия

07.07.2022 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия 28 феврали соли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Федеративии Германия Сатторов Имомудин Мирзоевич мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мебошад.

Ташрифҳои сатҳи олии дуҷониба ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Германия замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Германия боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.

Зимни он сафарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти федеролӣ ҷаноби Кристиан Вулф ва Канслери федеролӣ хонум Ангела Меркел мулоқот анҷом доданд.

Абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишварро гуфтушунидҳо ва машваратҳои байниҳукуматии ҳарсола, машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа, ниҳодҳои қудратӣ, ҳамоишҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ ташкил медиҳад. Бонки олмонии рушд (KfW), Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Германия  (GIZ) дар баробари дигар ташикилотҳо дар пешбурди шарикӣ баҳри рушд саҳмгузор мебошанд.

Дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарламентии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд.

Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Германия 42 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз теъдоди мазкур 31 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ, 10 созишномаҳои байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ташкил медиҳанд.

Июн, 2022

Нигористон

Тақвим