Муносибатҳои Тоҷикистон бо Шветсия

18.01.2024 10:20

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Шветсия 9 декабри соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад бо қароргоҳаш дар шаҳри Стокголм мебошад.

Ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаи гуманитарӣ назаррас аст. Ба таври мисол метавон ба ин лоиҳаҳо ишора кард: лоиҳаҳо барои дастгирии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; лоиҳаҳо барои эҷод намудани имкониятҳои худтаъминнамоии аҳолӣ; лоиҳаҳо барои инкишофи сектори кишоварзӣ ва пеш аз ҳама барои амалӣ гардонидани стратегияи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ.

Ҳукумати Шветсия дар якҷоягӣ бо дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар коркард ва молиявикунонии микролоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ, инчунин дар ташкил додани сохторҳои ҷамъиятии демократӣ иштирок кард.

Аз соли 2002 инҷониб Ҳукумати Шветсия ба ҷараёнҳои марбут ба демократикунонии ҷомеа ва баамалбарории ислоҳоти иқтисодӣ таваҷҷӯҳи бештар медиҳад. Моҳи ноябри соли 2002 вазири масъалаҳои муҳоҷират ва ҳамкории байналхалқии Шветсия ҷаноби Ян У. Карлсон ба ҷумҳурӣ ташриф овард.

15 апрели соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири  корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия хонум Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар чаҳорчӯби чорабиниҳои байналмилалӣ миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Шветсия мунтазам вохӯриҳо баргузор мешаванд.

Пояи қарордодиву ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Шветсия дар ҳоли густариш қарор дорад ва айни ҳол 2 санадро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Шветсия дар  соли 2024  – 7,06 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.

Ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ доранд. 

07.03.2025

Нигористон

Тақвим