Муовини вазири корҳои хориҷӣ

19.01.2026 19:17

Идибек Қаландар

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.01.2026.10.55.jpg Соли 1968 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ.

 Хизмати ҳарбӣ: солҳои 1986-1988 дар қувваҳои мусаллаҳ хизмат намудааст.

 Таҳсил:

 Шуъбаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (соли 1992);

 Таҳсил дар зинаи магистратура, Донишгоҳи Тсукуба, Япония (соли 2004).

 Фаъолияти меҳнатӣ:

 Солҳои 1995-1999 - котиби сеюми Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷӣ;

 Солҳои 1999-2004 - котиби дуюми Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорати корҳои хориҷӣ;

Солҳои 2004-2005 - котиби якум, сардори шуъба дар Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ;

Солҳои 2005-2008 - котиби дуюм, котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия;

Солҳои 2008-2009 - котиби якум, мушовири Раёсати кишварҳои Европа ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷӣ;

Солҳои 2009-2011 - сардори шуъба дар Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ;

Солҳои 2011-2014 - котиби якуми Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, Ню-Йорк;

Солҳои 2014-2017 - сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ;

Солҳои 2017 - 2025 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия/Намояндаи доимӣ дар САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Вена;

Солҳои 2018-2025 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия ( бо қароргоҳ дар шаҳри Вена);

Солҳои 2019-2025 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Венгрия (бо қароргоҳ дар шаҳри Вена);

Солҳои 2019-2025 -Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Словакия (бо қароргоҳ дар шаҳри Вена);

Солҳои 2020-2025 Сафири Фавқулода ва Мухтор дар Шоҳигарии Норвегия (бо қароргоҳ дар шаҳри Вена);

Аз 12 январи соли 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №9 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим