Муовини вазири корҳои хориҷӣ

21.01.2026 20:03

21.01.2026.15.14.jpgСаноӣ  Бойзода

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Соли 1982 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ.

 Таҳсил:

 Факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (соли 2004);

 Факултети ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия (соли 2015).

 Фаъолияти меҳнатӣ:

 Солҳои 2004-2005 – Муҳандиси шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва шуъбаи сарфаҷӯии энергияи Департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Солҳои 2005-2006 – Мутахассис оид ба иттилооти Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2006-2009 – Мудири бахши иттилоот ва кор бо зерсохторҳои Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2009-2010 – Сармутахассиси Котиботи Комиссияи Ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2010-2011 – Сардори шуъбаи сармоягузории Раёсати муносибатҳои иқтисодии беруна ва сармоягузории ШСХК “Барқи Тоҷик”;

Солҳои 2011-2013 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон;

Солҳои 2013-2016 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

Солҳои 2017-2019 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Ашқобод, Туркманистон;

Солҳои 2020 - 2023 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2024-2026 – Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, шаҳри Остона, Ҷумҳурии Қазоқистон;

Аз 12 январи соли 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.   

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим