Ализода Нигина
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
11 феврали соли 1978 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик
Ихтисос: ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқ.
Рутбаи дараҷавӣ: Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2.
Рутбаи дипломатӣ: котиби 1 дараҷаи 2.
Забонҳои англисӣ, русӣ ва туркиро медонад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.
|
Фаъолияти меҳнатӣ: |
||
|
Солҳои 1995-2000 |
- |
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе; |
|
Солҳои 2000-2003 |
- |
аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе; |
|
Солҳои 2002 – 2007 |
- |
ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиноси калон ва муовини роҳбари лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ; |
|
Солҳои 2003-2007 |
- |
муаллими калон, дотсенти Кафедраи ҳуқуқҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
Солҳои 2007-2008 |
- |
мутахассиси пешбари Шуъбаи шиносномаҳо ва раводиди Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
Солҳои 2008-2009 |
- |
котиби сеюми Шуъбаи шиносномаҳо ва раводиди Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
Солҳои 2009-2013 |
- |
котиби сеюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, ш.Анқара; |
|
Солҳои 2013 - 2014 |
- |
Котиби сеюм, котиби дуюми бахш оид ба масъалаҳои умумиҳуқуқии раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
Солҳои 2014-2016 |
- |
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
Солҳои 2016-2019 |
- |
котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ш.Брюссел; |
|
Солҳои 2019-2020 |
- |
мудири бахши раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
06.2020-12.01.2026 |
- |
муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе; |
|
Аз 12.01.2026 то ҳол |
- |
муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе. |