
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори нигаронии амиқ намуда, бо мухолифат ба иқдомоти низомӣ, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад, ки ҷонибҳо бо риояи усули Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал намуда, барои ҳифзи сулҳу суботи минтақа кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan