Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2025

06.02.2026 17:01

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Ҳозирини гиромӣ,

 

Шуморо ба Вазорати корҳои хориҷӣ хайрамақдам мегуем.

 

Читавре ки шумо дар навор дидед, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сарзадани низоъ дар навори Ғазза давоми солҳои 2024-2025 пайваста кӯмакҳои башардӯстонаю молиявиро ба мардуми мазлуми Ғазза мерасонад.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзҳои наздик корвони навбатии кӯмакҳои башардӯстона тавассути қаламрави Ҷумҳурии Арабии Миср ба мардуми навори Ғазза расонида мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки кишвари мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои охир таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарами кишварамон ба қатори кишварҳое, ки ба ниёзмандон кумакҳои башардӯстона мерасонад, ворид шуд.

 

Вазорати корҳои хориҷӣ, чун ҳамеша, фаъолияти худро дар заминаи роҳнамоию ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути усули “дарҳои кушода”, ки меҳвари сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, идома дода, пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судмандро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшид.

Муссалам аст, ки вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳрони ҷаҳонӣ амиқ мегардад.

Дар соли сипаришуда ҳамоишҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ дар Душанбе баргузор гардида, сафарҳои сатҳи олӣ ба давлатҳои хориҷӣ, боздидҳои сарони кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ва иштироки ҳайатҳои кишвар дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи шоиста танзим шуданд.

 

Ҳозирини гиромӣ,

Соли гузашта сафарҳои давлатию расмӣ ва кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Фаронса, Озарбойҷон, Туркманистон, Чин, Қатар, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷопон баргузор гардиданд, ки зимни онҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва мавзуъҳои рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили қайд аст, ки яке аз чорабиниҳои муҳими соли 2025 раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории Саммити сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳод (10 октябри с.2025) дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

 

Соли сипаришуда, соли пурмуҳтавои ҳамоишҳои қолабии «Осиёи Марказӣ+» буд, ки дар онҳо Сарвари давлат иштирок ва суханронӣ намуданд.  Аз ҷумла, 9 октябр дар шаҳри Душанбе зери раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити дуюми қолаби ҳамкории Осиёи Марказӣ – Русия баргузор гардид. Ҳамчунин Пешвои миллат дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, Чин, Италия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷопон ва вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Зимни суҳбатҳои телефонӣ ва мулоқоту музокироти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Эрон, Австрия, Ҷопон, Русия, Туркманистон, Малдив, Ҳиндустон, Венесуэла, Кипр, Урдун, Ӯзбекистон, Швейтсария, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия ва дигар давлатҳо ҳолату дурнамои муносибатҳои ду кишвар, раванди татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилгардида ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар баробари ин рӯйдодҳои муҳим, аз ҷумла:

- бомуваффақият анҷом ёфтани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе;

- таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид;

 

- намоиш ва Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ зери унвони «700 сол бо Ҳофиз» дар Париж;

 

- шомил гардидани номинаи «Хуттали Қадим» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии UNESCO. Бояд зикр кард, ки номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмориро дар бар мегирад, аз ҷумла: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа, Дайри Буддоии Хишттеппа;

 

- ворид гардидани дараи Алмосӣ ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ – Globally Important Agriculture Heritage System»;

- номнавис шудани мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои UNESCO;

 

- ворид гардидани 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои UNESCO барои солҳои 2026-2027;

- шомилшавии номинаи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии UNESCO;

- қабул гардидани қатъномаи «Устувонаи Куруш: эъломияи аввалини ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ»  ва дигар чорабиниҳо мебошанд, ки дар давраи гузоришӣ бомуваффақият амалӣ гардиданд.

 

Ду қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуданд – ин «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардиданд, ки далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақши созандаи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

 

Баҳри муаррифии арзишҳои таърихӣ ва миллию фарҳангӣ, инчунин тақвияти симои мусбати Тоҷикистон, дар ин давра Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, Чин ва Покистон, инчунин Рӯзҳои фарҳангии Озарбойҷон ва Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор гардиданд.

 

Ҳозирини гиромӣ,

Пешбурди дипломатияи иқтисодии кишвар дар ростои мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ идома ёфта, корҳои мушаххас дар ин самт иҷро гардиданд.

Дар давоми сол ҷаласаҳои муштараки комиссияҳои байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон бо Кувайт, Ӯзбекистон, Арманистон, Эрон, Ҷопон, Беларус, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардида, аз натиҷаи ҷаласаҳо протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.

 

Густариши робитаҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати яке аз самтҳои авлавиятнок идома ёфт.

Сафарҳои расмиву кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия, моҳҳои март, май ва декабр сурат гирифта, ба робитаҳои байнидавлатӣ такони тоза бахшиданд. Дар рафти онҳо дар баробари имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сафари давлатии Президенти Русия ба Тоҷикистон моҳи октябр ба муносибатҳои шарикии ду кишвар такони нав бахшид. Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Русия доираи васеи масоил аз соҳаҳои гуногунро фаро гирифтанд.

Пешвои миллат дар шаҳри Санкт-Петербург 21 декабр бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой сарфароз гардиданд, ки нишони эътирофи саҳми бузурги Президент дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Раиси Маҷлиси миллии кишвар, муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи май ба Русия сафари расмӣ анҷом доданд, ки зимни он мулоқоту музокирот бо Президент, Раиси Шӯрои Федератсия ва Раиси Думаи давлатии Русия сурат гирифтанд.

Ҳамчунин, моҳи феврал бо даъвати ҷониби Русия сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба он кишвар баргузор шуд.

Мулоқотҳои кории сатҳи олӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моҳи март дар Хуҷанд ва апрел дар Самарқанд доир гардид, ки зимни онҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ, дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо Қирғизистон, табодули сафарҳои давлатии сарони давлатҳо ба кишварҳои якдигар муҳимтарин рӯйдод дар муносибати дуҷониба мебошанд.

Моҳи март сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид, ки аз натиҷаи он 16 санади дуҷониба, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қиғизистон оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Кирғизистон ба имзо расиданд. 

Моҳи июл бошад, сафари ҷавобии давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт, ки аз натиҷаи он 13 санади нави ҳамкорӣ аз ҷумла, Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида, Шӯрои байниҳукуматӣ зери роҳбарии сарвазирон таъсис дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти Вазорат ба мақсади мусоидат дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин соҳа бо созмонҳои байналмилалӣ, бомаром ва пайгирона идома дода шуд.

Моҳи марти соли гузашта ду санади таърихӣШартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ба имзо расиданд.

Дар соли сипаришуда робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи олӣ тамоюли устувор ва мунтазам касб карданд.

Робитаҳои анъанавии Тоҷикистону Туркманистон дар маҷрои дӯстӣ ва мутақобилан судманд тавсеа меёбанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Беларус чун анъана дар фазои муносибатҳои шарикӣ рушду такмил ёфтанд.

Дар соли гузашта муносибатҳои гуногунҷанба бо ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум идома ёфтанд.

Ҳозирини гиромӣ,

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо дар соли сипаришуда дар марҳилаи рӯ ба инкишоф қарор доштанд.

Иқдомҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи Афғонистон ҷиҳати барқарории сулҳу субот ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии он кишвар дар ҳама арсаҳо идома ёфтанд.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Афғонистон, бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоӣ барои мардуми он нигоҳ дошта шуда, ширкатҳои ватанӣ дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳоро бо ҳамтоҳои афғонистонии худ пеш бурданд. Қобили зикр аст, ки тибқи дастури Пешвои миллат моҳи сентябр ба мардуми аз заминларзаи шадид осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона иборат аз 24 номгӯйи маҳсулоту маводи зарурӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор тона ирсол гардид.

Падидаи муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соли гузашта сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январ мебошад. Аз рӯйи натиҷаҳои сафари мазкур 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин давра ҳамчунин, моҳи июл мулоқотҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон дар шаҳри Ханкендии Озарбойҷон, моҳи сентябр дар шаҳри Тянҷини Чин, моҳи сентябр дар шаҳри Давҳа баргузор гардиданд.

Раванди рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мунтазам идома меёбад. Дар давраи ҳисоботӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии Арабистони Саудӣ табодули паёмҳои хаттӣ сурат гирифтанд.

Моҳи июл раиси Фонди саудии рушд ба ш.Душанбе сафар намуда, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуд.

Дар соли гузашта тавсеаи ҳамкориҳо бо Давлати Қатар идома дошт. Моҳи сентябр дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва байналмиллалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Робитаҳо бо кишварҳои ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар давраи ҳисоботӣ тамоюли рушди худро нигаҳ доштанд.

Бо Чин як силсила дидорҳои сатҳи олӣ баргузор гардиданд.

Аз ҷумла моҳи июн дар ш. Остона ва моҳи сентябр дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Саммити дуюми сарони давлатҳои қолаби ҳамкории Осиёи Марказӣ – Чин мулоқотҳои кориву расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд. Аз натиҷаи мулоқоти Пекин якчанд санади дуҷониба ба имзо расид.

Моҳи сентябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.

 

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо Муғулистон бо баргузор шудани сафари давлатии Президенти он кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июл такони тоза касб карданд.

Аз натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон санади сиёсӣ – Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба ва 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Саъю талошҳо ба мақсади дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ ва пайгирии масоили муҳими дуҷониба дар самти муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея идома ёфтанд. Моҳи август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Чжэ Мён баргузор гардид.

Дар соли 2025 муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Ҷопон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, бо як қатор рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоративу сармоягузорӣ тавсиф ёфтанд.

Руйдоди калиди дар ин самт сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон дар моҳи декабр мебошад, ки зимни он мулоқоту музокирот бо Императири Ҷопон Аълоҳазрат Наруҳито, Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардиданд. Дар ин мулоқотҳо ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокирот Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд ва 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар самти муносибатҳо бо Покистон моҳи май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шарифро, ки барои иштирок дар Конфронси ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҳамчунин, мулоқотҳои сарони ду давлат дар Озарбойҷон дар моҳи июл ва моҳи сентябр дар Чин баргузор гардиданд.

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар давраи ҳисоботӣ сатҳи муътадили худро нигоҳ доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити СҲШ дар шаҳри Тянҷини Чин моҳи август бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди суҳбат анҷом доданд.

 

Дар самти ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо ва Америка бошад, тамоюли ру ба рушд нигоҳ дошта шуд.

Рӯйдоди муҳими соли 2025 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти ИМА Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Америка» ба шаҳри Вашингтон дар моҳи ноябр ба ҳисоб меравад.

Дар Қасри Сафед мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони кишварҳо баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Британияи Кабир, Олмон, Швейтсария, Подшоҳии Белгия, Австрия, Лаҳистон ва Финляндия идома ёфтанд.

Бояд қайд намуд, моҳи декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи иҷлоси 32-юми Шӯрои вазирони САҲА, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин мулоқоти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ (Исландия, Дания, Норвегия, Шветсия ва Финляндия) дар қолаби “С5+5” иштирок намуд.

Дар ин давра рӯйдоди назаррас дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нитсаи Фаронса дар моҳи июн буд.

Зимни сафар, мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон доир гардид.

Ҳамчунин, мулоқоти кории сарони ду давлат моҳи сентябр дар шаҳри Ню-Йорк низ барпо шуд.

Дар ин вохӯриҳо масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзӯъҳои обу иқлим, баррасӣ шуданд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони моҳи май дар шаҳри Остона ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар такони нав бахшид.

Дар самти ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо моҳи март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар доираи сафари Комиссари Иттиҳоди Аврупо ду созишномаи грантӣ ба имзо расид, ки баҳри рушди устувори соҳаҳои энергетика ва кишоварзии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳанд буд.

Зимни нахустин саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ моҳи апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта мулоқотҳо баргузор намуданд.

Дӯстони арҷманд,

Вазорат фаъолиятро ба мақсади татбиқи ташаббусу иқдомҳои созандаи Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид идома дод.

Муҳимтарин рӯйдод дар давраи ҳисоботӣ дар ин самт баргузории муваффақонаи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо рӯзҳои 29-31 май дар шаҳри Душанбе буд.

Моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи сафар мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш баргузор гардид, ки зимни он раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милал баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, моҳи июн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ, солҳои 2025-2034» ва дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок ва суханронӣ намуданд.

Моҳи август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар самти ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, моҳи апрел ташрифи раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА хонум Пиа Каума ба Тоҷикистон сурат гирифт.

Зимни сафари мазкур, мулоқотҳои ҳайати Созмон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти якчанд вазорату идораҳо баргузор шуданд.

Моҳи декабр дар шаҳри Венаи Австрия нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардида, дар кори он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иштирок карда, мавқеи кишварро роҷеъ ба масъалаҳои мубрами созмон баён намуд.

Моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фаъолияти Вазорат барои густариш ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои илм, фарҳанг ва маориф (UNESCO) ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ICESCO) ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон идома ёфт.

Моҳи май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ICESCO Салим ал-Моликро, ки дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Моҳи июни соли гузашта, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли UNESCO хонум Одри Азуле баргузор шуд.

Моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ш. Тянҷини Чин дар Нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар анҷоми нишаст 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмон дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

 

Маврид ба тазаккур аст, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Дар ин давра Вазорат ҷиҳати омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳо, ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, инчунин таҳия, мувофиқасозӣ ва ниҳоӣ намудани ҳуҷҷатҳои дар доираи ин созмон баррасишаванда иштироки бевосита дошт.

Моҳи июн дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳодро ба ҳузур пазируфтанд. Бояд қайд намуд, ки дар поёни ҷаласаи Шӯро 17 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар сатҳи устувор қарор дорад.

Моҳи январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Моҳи ноябр дар шаҳри Бишкек нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Зимни ҷаласа Президенти кишвар аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар кард, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт.

 

Дар соли 2025, аз ҷониби вазорат 67 санад дар самтҳои гуногун барои қабул ва тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид.

Инчунин, 36 санад ба Ҳукумат барои ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати тасвиб, ки барои эътибор пайдо кардани онҳо заруранд, пешниҳод карда шуданд.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва баланд, инчунин тибқи дигар тартиботи муқарраршуда дар маҷмӯъ 128 санади байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ ба имзо расонида шуд.

Инчунин, 17 санади байналмилалӣ эътибор пайдо кард.

 

Вазорат дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро баҳри беҳтар намудани муносибатҳои консулии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин таъмини саривақтии шаҳрвандони кишвар бо шиносномаҳои миллӣ ва хориҷӣ, судури раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар хизматрасониҳои консулӣ идома дод.

Дар ин давра:

-ба 77 215 нафар шаҳрвандони хориҷӣ раводид;

-602 адад дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

-611 468 адад шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ;

-523 092 адад шиносномаҳои шаҳрвандии

(корти идентификатсионии);

-1487 адад ҳуҷҷатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъйид карда шуд;

-ба 14 851 адад ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон апостил гузошта шуд.

 

Ҳозирини гиромӣ,

Дар соли 2026 заёда аз 16 сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои дӯст ва шарики Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат чорабиниҳои зерини байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд:

- Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ш.Душанбе, 25-28 майи с.2026;

- Ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ дар ш.Душанбе, октябри с.2026;

- Конфронси байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои бахшида ба Наврӯз;

- Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1050-солагии Робияи Балхӣ дар ш.Душанбе;

- Конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба Умари Хаём ва Абуалӣ ибни Сино дар дафтари ЮНЕСКО дар ш.Париж;

- Чорабинии байналмилалӣ/ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруши Кабир: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» дар Дафтари СММ дар ш.Ню-Йорк.

Ҳамчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар ироа намуданд, Вазорати корҳои хориҷӣ барои таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ва Маркази байналмилалии тамаддуни Ориёӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо чораҳои заруриро меандешад.

Ташаккур барои диққататон.

 

 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим