Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон

23.02.2026 12:37

23 феврали соли 2026 дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Нигина Ализода ва Александр Хвтисиашвили баргузор гардид.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо перомуни дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Вобаст ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ табодули афкори судманд сурат гирифт. Дар ин росто азми тарафайн ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид карданд.

Машваратҳо дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим