
24 феврали соли 2026 дар шаҳри Тифлис мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Парлумони Гурҷистон ҷаноби Шалва Папуашвили баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи байнипарлумонӣ, баланд бардоштани нақши парламентҳо дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, инчунин густариши ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, омодагӣ ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишвар ва таҳияи ташаббусҳои ҳамоҳангшуда, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ равона шудаанд, таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan