24 феврали соли 2026 сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари корӣ роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо раиси Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисод, савдо, бахши агросаноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ Д. Гулмаҳмадзода консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Файзуллозода Фаридунро ба раиси минтақа расман муаррифӣ намуд.
Дар зимн, ҳамсуҳбатон ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар сатҳи байниминтақавӣ тамаркуз карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan