25 феврали соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Свердловски Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари корӣ роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Свердловск Денис Паслер мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Свердловски Федератсияи Русия дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ матраҳ гардид.
Дар баробари ин, дар рафти мулоқот сафири Тоҷикистон ба роҳбарияти вилоят Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Холназар Ғоибро расман муаррифӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan