Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.03.2026 16:49

Бо дарназардошти вазъи печида ва ноустувори амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёна, Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои ин минтақа худдорӣ намоянд.

Ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсия дода мешавад, ки:

                •             қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд;

                •             аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд;

                •             ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд;

                •             пайваста аз ахбори расмӣ ва иттилооти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

 

Дар ҳолати ба миён омадани вазъияти фавқулода ё зарурати дарёфти кумак, шаҳрвандон метавонанд ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мобилӣ: +989363253147

WhatsApp: +992918818889

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн

Тел: (+966 11) 5120333

WhatsApp: +966563417592

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

Тел: +(971)24417950

WhatsApp: +971581531574

 

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай

Тел: +(971)43945814

WhatsApp: +971585081221

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон

Тел: (+965) 25329896

WhatsApp: +96565762307

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Тел: +974 44 12 39 06

WhatsApp: +97439902438

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Тел: +99391827271

WhatsApp: +9269738322

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тел: +994513484032

WhatsApp: +994 51 348 40 32

 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Тел: (+92518900222)

WhatsApp: +923328686050

Нигористон

Тақвим