
4 марти соли 2026 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Руслан Чернетский баргузор гардид.
Зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъат, ба вежа баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ тасдиқ намуда, ба татбиқи боз ҳам бобарори мувофиқаҳои ҳосилшуда изҳори боварӣ карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan