Чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон

13.03.2026 14:30

11 марти соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба вазъи занон (CSW) муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар чорабинӣ таҳти унвони “Нақши ҳаётан муҳими занон: таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозӣ” иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Нигина Ализода таъкид кард, ки тавонмандсозии занон омили муҳими рушди устувор ба шумор рафта, ба таҳкими ҷомеа, рушди иқтисод ва пойдории субот мусоидат мекунад. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои занон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа густариш меёбад.

Дар фарҷом омодагии Тоҷикистон барои идомаи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва таъмини баробарии гендерӣ изҳор карда шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим