Маълумотнома оид ба тартиби қабул ба кор дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

01.03.2013 10:10

Ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233 сурат гирифта, тартиби гузаронидани он дар асоси «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки 10 марти соли 2016, №647 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, муқаррар карда мешавад.

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.

Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомномаи дар боло зикршуда мувофиқат мекунанд.

Эълон дар бораи баргузории озмун дар сомонаҳои расмии вазорат, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар васоити ахбори омма пахш карда мешавад. Дар эълон дар баробари номи мақоми давлатӣ, номи мансабҳои холӣ бо нишон додани андозаи музди меҳнат, талаботи асосӣ нисбат ба довталабон, мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, маҳалли ҷойгиршавӣ, суроға, суроғаи электронӣ, рақами телефон ва факси мақоми давлатӣ, дастурамалҳои мансабии мансабҳои холии ба озмун пешниҳодгардида ва номгӯи саволҳои озмун ҷой дода мешаванд.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмунро дар бар мегирад. Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (шакли муайяншуда);

2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (шакли муайяншуда);

3. Тарҷумаи ҳол (шакли муайяншуда);

4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;

5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;

6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);

7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);

9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

10. Эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);

12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

15. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи сатҳи донистани забони хориҷӣ.

 

Довталаб бояд дорои маълумоти олии дахлдор бошад ва асосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, вазъи байналмилалалию минтақавӣ, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷиро ба таври ҳатмӣ донад.

Нигористон

Тақвим