15 апрели 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул бо иштироки намояндагони воситаи ахбори оммаи кишвари иқомат, инчунин Маркази байналмилалии ЮНЕСКО оид ба амнияти об ва мудирияти устувор (UNESCO i-WSSM) ва Бунёди Hanns Seidel Korea брифинг оид ба рафти омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ( 25-28 майи 2026, ш.Душанбе), доир гардид.
Нахуст, cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром вобаста ба “Раванди оби Душанбе” суханронӣ карда, аҳаммияти ин чорабинии муҳимро дар ҷараёни омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва Конфронси оби СММ дар соли 2028 таъкид намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбари намояндагӣ роҷеъ ба Конфронси мазкур, аз ҷумла вобаста ба баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, намоишгоҳ ва барномаҳои фарҳангӣ, ки дар ҳошияи Конфронс пешбинӣ шудаанд, маълумоти муфассал ироа гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan